КҲФ: Ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи соли 2026

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи фаъолияти семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифагузорӣ барои семоҳаи дуюми соли 2026 ҷаласа доир гардид.

    Ҷаласаро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба роҳбарӣ гирифта, оид ба масъалаҳои кори ҷаласа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

    Раиси Кумита генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ доир ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табии барои солҳои 2019-2030, Барномаи миёнамӯҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028, “Дар бораи тасдиқи тартиби ташкил намудани паногоҳҳо ва дигар иншоотҳои мудофиаи гражданӣ”, “Оид ба тасдиқ намудани қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ” ва вусъат бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои хавфнок дастуру супоришҳои мушаххас дод.

     Сипас, муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор Латифзода Ҳотамшо, муовинони раис генерал - майор Иброҳимзода Имомалӣ, генерал - майор Исозода Сулаймон оид ба самтҳои фаъолияти Кумита ва воҳидҳои сохторӣ баромад ва суханронӣ намуданд.

      Дар охири ҷаласа аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ барои дар оянда ба камбудиҳо роҳ надодан ва ҷиҳати бозҳам тақвияти корҳо қарорҳои дахлдор бароварда шуд.

барчасп: