ХАБАРИ ФАВРӢ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар заминаи ҳамкориҳои қӯшунҳои сарҳадии кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марзбонони Ҷумҳурии Исломии Авғонистон ҷасади як нафар ҷинси зан дар ҳудуди кишвари ҳамсоя пайдо карда шуда, ба марзбонҳои тоҷик супорида шуд.
Ҷасад дар минтақаи Ивалки ҷамоати Деҳоти Нуриддин Маҳмуди ноҳияи Шамсидин Шоҳини вилояти Хатлон аз дарёи Панҷ дарёфт карда шуда, наҷотдиҳандагони Кумита онро барои муайянсозӣ ба сохторҳои дахлдор супориданд.
Ташхиси пурраи тиббӣ муайян кард, ки он Амина Амонулоева оилаи Алишер МИРЗОНАБОТ собиқ Раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Ёдовар мегардем, ки корҳои ҷустуҷӯии фарзанди Алишер МИРЗОНАБОТ аз ҷониби наҷотдиҳандагон ва дигар сохторҳои дахлдор ҳамоно идома дорад.


