Activities calendar

13 июли 2026

КҲФ: ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ СОЛИ 2026

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар шашмоҳаи якуми соли 2026 баргузор гардид.

   Дар кори ҷаласа Раиси Кумита, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Саидмуродзода Хурсандмурод, муовинони Раиси Кумита, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсии Кумита иштирок намуданд.

Ҷаласаи XVII Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи XVII Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.

Иштирокчиёни ҷаласаро губернатори шаҳри Санкт-Петербург Александр Беглов хайрамақдам гуфта, ба кори ҳамоиш барору комёбӣ орзу намуд.

Дар кори ҷаласа вазири Федератсияи Россия оид ба мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ