Соли гузашта бар асари ҳодисаҳои табиӣ 31 нафар ҷони хударо аз даст додаанд

Соли 2017 дар қаламрави Тоҷикистон 883 ҳолат ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумлаи ин ҳодисот 720 ҳолат ба лағзиши тарма иртибот дошт. 41 маротиба сел омадааст, 32 маврид болоравии сатҳи оби дарёҳо ба қайд гирифта шудааст. Дар кишвар тӯли ин як сол 33 ҳодисаи заминларза сабт шудааст, ки баъзе аз он харобиҳо ба дунбол дошт. 21 маврид резиши санг ва 23 маврид ярч ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин бора лаҳзае пеш генерал-лейтенант Рустам Назарзода-Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Рустам Назарзода ҳамчунин гуфт, ки аз ҳодисаҳои табиии ба қайд гирифта шуда, 56 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ ва маънавӣ расонида, бар асари онҳо 31 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Аз ҷумла, бар асари лағзиши тарма 23 нафар, аз резиши санг 3 нафар, аз ярч ду тан, аз боди сахти харобиовар 2 ва аз сел 1 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ иброз дошт, ки ниҳоди таҳти сарпарастиаш дар доираи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда сиёсати давлатиро дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ татбиқ мекунад. 

Вай аз ҷаласаи 10-уми феврали соли гузашта ёд кард ва гуфт: “Бо мақсади таъмини фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаҳои табии, баргузории корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, дастгирию кӯмаки ҳамаҷониба ба аҳолии зарардида  10-уми феврали соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид. Дар ҷаласа Пешвои миллат  ҷиҳати бартарафсозии мушкилоту монеаҳои мавҷуда, идома додани татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аъзои Комиссияи давлатӣ, роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор намуданд”.