Мехост майнаро дорад, вале худ ба дудбарои 32-метра фурӯ рафт

Завқи шикори майнаҳо бародаронро ба боми корхонаи тавлиди орд боло кард. Ҳангоми таъқиби онҳо яке аз бародарон ба дудбарои 32-метраи корхона фурӯ рафт ва агар кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сари вақт ба кумак намерасиданд, ин шавқу завқи шикори майна метавонист ба фоҷеа анҷомад.

18 – уми феврали соли 2018 ду бародарон аз деҳаи Зархези ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон бо мақсади доштани майнаҳо ба боми корхонаи орди ноҳия баромаданд. 

Ҳангоми таъқиби паррандаҳо сокини 26-солаи ноҳия аз баландии 32 метр  ба дохили дудбаро фурӯ рафт.

Бародари вай, ки ӯро ҳамроҳӣ мекрд, ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон занг зад ва кумак хост. 

Наҷотдиҳандагони воҳиди таъиноти махсуси Раёсат фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд. Онҳо бо истифода аз ресмон ва таҷҳизоти дигар ӯро аз дохили қубур берун оварданд.

Номбурда ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст ва ногузир шуданд ӯро ба бемористон бистарӣ кунанд.