Сел меояд. Чӣ бояд кард? Тавсияҳои КҲФ ба аҳолӣ

Аввали баҳор аст ва маъмулан рӯзҳои боронӣ зиёданд. Боронҳои пуршиддат муҷиби омадани сел мешаванд ва аз ин ҷойи гурез ҳам нест. Ҳар сол селҳои харобиавар ба хоҷагиҳо ва сокинони кишвар миллионҳо сомонӣ зарар меоранд. Ҳодисаҳое ҳам зиёданд, ки одамон хонаву ҷой ва ҷони худро ҳам аз даст медиҳанд. Ва сел ҳам чун ҳамаи офатҳои табиӣ ногаҳонӣ меояд, пас одамон ҳамеша бояд омода бошанд.

Сел – ин омехтаи оби пуршӯр бо ҳама ашёи дигарест, ки сари роҳаш мебардорад, аз ҷумла сангу регу долу дарахт. Сел маъмулан аз кӯҳҳо, дараҳо ба водиҳо ҷорӣ мешавад ва сари роҳаш ҳар чизе ҳаст, мешӯяд ва бо худ мебарад. Сели азим бар асари боришҳои пайваставу дурудароз, об шудани барфҳо ва пиряхҳо, рахна шудани обанборҳо, заминларзаҳо ва вулқонҳо меояд ва он хатари азим дорад. 

Сел ногаҳон ҷорӣ мешавад, бо суръати басо баланд (то 10 метр дар як сония ва ҳатто бештар аз он) меояд. Муддати даҳҳо дақиқа идома мекунад ва ҳатто баъзан соатҳо меояду меояд. Мавҷи пеши он метавонад то баландии 15 метр боло равад. Садои даҳшатафкани он аз масофаи дур ҳам шунида мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат аз омадани сел дар фасли баҳор ҳушдор медиҳад. Тавсияҳои зер барои коҳиши хатари он аст. 

Ба омадани сел чӣ гуна бояд омода буд?

Маъмулан ҷойҳои селгузар ва селомад аз пеш маълуманд. Мардуми кулли манотиқ медонанд, ки бар асари боронҳои шадиду рӯйдодҳои дигари дар боло ёдшуда, маҳз дар куҷо сел меояд ва то куҷо меравад. Пеш аз ба кӯҳ баромадан ин гуна ҷойҳоро омӯзед, ҳангоми боришот аз рафтан ба он роҳҳову пайроҳаҳо ва маҳалҳо худдорӣ кунед. Аз гирдоби сели пурдаҳшат имкони наҷот амалан номумкин аст. Танҳо метавон аз он фирор кард. Пеш аз он ки аз хона хориҷ шавед, аввал ҳама асбобҳои барқӣ ва худи сарчашмаи интиқоли нерӯи барқ ба хонаро хомӯш кунед. Газро низ ва хати интиқоли обро низ бандед. Дарҳо ва тирезаҳоро маҳкам пӯшед, ягон сӯрохи обгуарро боз нагузорем, ҳавокашҳоро низ маҳкам кунед. 

Ҳангоми омадани сел чӣ бояд кард?

Ҳангоми таҳдиди сел, ярч, обхезӣ агар барои фирору рафтан ба макони амн имкон нест, пас дару тиреза, ҳама тарқишҳои обгузор, ҳовокашҳоро маҳкам кунед. Нерӯи барқро хомӯш кунед, хати интиқоли газу обро бандед.  Ашёи зуддаргиранда ва заҳрогинро аз хона берун андозед, то ҳадде имкон онҳоро дар чуқурихо зери хок кунед. Дар ҳоли пеш омадани имкони интиқол, худ аз хона берун шавед ва роҳи макони амнро пеш гиред (хати интиқол ба макони амн бояд аз қабл муайян шуда бошад).  Ҳангоми берун шудан аз маҳалли зист бо худ захираи хӯрокӣ гиред, об гиред, доруворӣ барои эҳтиёт ва сару либоси кофӣ низ дар ихтиёр дошта бошед. Ҳолате низ метавонад пеш ояд, ки одамон, иншоотҳо болои сели омадаистона метавонанд қарор дошта бошанд. Дар ин гуна ҳолатҳо вақте аз хона берун мешавед, ҳатман боло равед, вазъро мулоҳиза кунед, ки то куҷо метавон боло рафт, то аз хатар наҷот ёбед.

Баъи қатъи омадани сел ё лағзиши ярч ҳангоми баргаштан ба хонаҳои худ, бубинед, ки оё хатари дубора хуруҷ кардани сел вуҷуд надорад? Азбаски ин зуҳурот хоси маҳалҳои кӯҳист, маъмулан кумаки беруна аз сабаби харобиҳои сел дар роҳҳо дертар мерасад, одамони наҷотёфта худ фавран ба ҷустуҷӯи одамон ва наҷоти зери лойю обмондагон шитобанд, зарардидагонро берун оранд, аввалин ёриҳои тиббиро худашон расонанд, роҳҳоро тоза кунанд ва корҳои барқарорсозии харобаҳоро шурӯъ намоянд.

Амалҳо баъди аҷоми сел  

Ба зарардидагон ёрӣ расонед ва ба гурӯҳҳое, ки ба тозакунии роҳҳо, лойобаҳо саргарманд, кумак кунед. Агар худи шумо ҷабр дида бошед, талош кунед то расидани кумаки тиббӣ ёрии аввалинро ба худатон расонед. Ҷойҳои харошхӯрдаи баданатонро бояд озод ва дар ҳолати бардоштагӣ нигоҳ доред, то ҷойе имкон ҳаст, ба ҷойи харошхӯрда ва хушоршуда латтаи тар бандед. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар мешавад, ки агар Шумо ба ҳолати фавқулодда рӯ ба рӯ шудед ва бароятон кумак лозим аст, пас фавран бо шумораи  “112” ва 1123-13-11 занг занед!