Ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ

26 декабри соли 2016 таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Назарзода ҷаласаи Платформаи миллии оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гашт.
Дар ҷаласа аъзоёни Платформаи – роҳбарони  вазорату идораҳои дахлдор, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Паёми Пешвои миллатро шуниданд

Имрӯз дар Кумиаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар ҳамаи воҳидҳои минтақавии он шунидани оммавии Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд.
Паём мустақиман аз Кохи Сомон пахш мешуд ва дар он роҳбарони сатҳи олии кишвар, сарварони вазорату идораҳо,

Гуруҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сабаби рӯйдод дар маҷтамаъи “Шарқи озод”-ро шарҳ дод

Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода мешуд, бар асари чаппа шудани девори бетонӣ дар гӯшае аз ошёнаҳои 11 ва 13 маҷтамаъи  рӯзномаву маҷаллаҳои “Шарқи озод”  боми бино дар ошёнаи поёни фурӯ рафт.
Ин ҳодиса тақрибан соати 23:00, рӯзи 18-уми декабр рух дод.
Субҳи рӯзи 19-уми декабр ҷонишини аввали Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Баргузории семинар дар масъалаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ

20-уми декабри соли 2016 дар толори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони вазорату идораҳои масъул ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ семинар баргузор карданд.
Дар ҷараёни семинар ширкаткунандагон рафти иҷрои Қарори

55 ҳолати фавқулоддаи табиӣ соли 2016 беш аз 161 миллион сомонӣ зарар овард

55 офати табиии соли 2016 ба кишвар 161 миллиону 336 ҳазору 200 сомонӣ зарар овардааст. Ва бар асари ин офатҳо – 20 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд, ки 17 нафари онҳо сокинони вилояти Суғд буданд. Ду нафар дар вилояти Хатлон ҷон бохтанд ва як тани дигар дар минтақаи Рашт.
Бар асари офатҳои табиӣ, аз қабили заминларза,  шамол, боронҳои зиёд ва омадани сел соли 2016 дар шаҳру

Страницы