Наҷоти 78 мусофир ва ронандагони мошинҳои дармонда аз муҳосираи тарма дар се рӯзи охир
Чоп шуд: 20/02/2017 | admin![](https://www.khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/mashina_sneg.jpg?itok=-cJb8L7u)
Лағзиши бештар аз 80 тарма зарфи се рӯзи охир 75 мошини боркаш ва сабукрав дар роҳи Душанбе-Айнӣ дар муҳосира гирифтааст. Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин минтақа қатъ шудааст.
Рӯзҳои 17, 18 ва 19-уми феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Хоруғ- Мурғоб, Рашт-Ҷиргатол ва бахусус дар роҳи Душанбе-Хуҷанд лағзиши тармаи бузургҳаҷм ба қайд гирифта шудааст.