КҲФ аз селҳо бар асари об шудани пиряхҳо ҳушдор медиҳад!
Чоп шуд: 08/08/2022 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 9-10 августи соли 2022 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ҷумҳурӣ, (ба истинои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.