Наҷоти кӯдаки дусола, ки паси дари баста монда буд

Модар наметавонист дари башиддат басташудаи манзили худро боз кунад. Дохили хона тифлаки дусола танҳо буд ва метавонист ҳар лаҳза моҷарое ба сараш ояд. Ду ҷавони дигар савори лифт миёни ду ошёна дармонданд ва агар наҷотдиҳандагони Кумитаро ба кумак даъват намекарданд, шаби сард чӣ таъсире ба ҷонашон мегузошт?

Зарфи шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боз кардани дари баста ва лифти дармонда ба сокинон ёрӣ расониданд. 

Баргузории ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ дар КҲФ

19 – уми ноябри соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи доимамалкунандаи коршиносони Платформаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ, полковник Ҷамшед Камолов гузашт. 

Машварат дар фазои маҷозӣ: Чанд тавсия ба ронандагон дар остонаи фасли сард

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ронандагон хотиррасон мекунад бар асари боришот дар ноҳияҳои кӯҳистонии мамлакат хатари лағзиши тарма ва резиши санг таҳдид мекунад. Ҳамчунин дар натиҷаи поин рафтани дамои ҳаво эҳтимоли яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад.

Дар робита бо тағйири обу ҳаво, ки пештар ҳам хабар дода будем, Кумита бо мақсади бехатарӣ дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ба ронандагон тавсия медиҳад:

ВАЪДАИ “БИҲИШТ”. ШИНОХТИ ИН МАКР НОГУЗИР АСТ

Терроризму даҳшатафканӣ аз ҷумлаи хатарҳое маҳсуб мешаванд, ки дар замони муосир пешорӯи башарият қарор гирифтаву амаликунандагони он бо ҳадафҳои гурӯҳӣ ё фардӣ пайваста даст ба аъмоли нангин мезананд. Ҳарчанд чунин зуҳуроти номатлуб тӯли таърих ҳамеша мавҷуд будаву инсоният аз оқибатҳои бади он огоҳ аст, дар чанд соли охир ифротгароиву терроризм дар шаклҳои наве зуҳур карда, ба мушкилоти аввалиндараҷаи сайёра мубаддал гардидаанд.

Обу ҳавои рӯзи 20-уми ноябр, чоршанбе: сардиҳои аввалин, боронҳои кутоҳмуддат

Ҳамчуноне таъкид шуда буд, Агентии ҳавошиносии кишвар аз рӯзи 20-уми ноябр дар сар то сари кишвар ҳавои борониро пешгӯӣ кард. Тавре аз маълумоти ин манбаъ дида мешавад, дуюмин бор дар моҳи ноябр ҳаво рӯ ба сардӣ меорад ва пагоҳ бегоҳ дар аксар манотиқи кишвар борони кутоҳмуддат меборад.

20-уми ноябр осмони шаҳри  Душанбе абрӣ, охири рӯз

Страницы