Сели харобкори Деваштич ва Айнӣ. Пулҳо ва замину роҳҳои харобшуда. Об дар таҳхонаи сокинон. Шарҳи расмӣ

25-уми июли соли равон як сели харобкор, ки бар асари боронҳои пуршиддат ба заминҳои кишт ва хонаҳои мардум сарозер шуд, дар бахше аз хоҷагиҳои ноҳияи Деваштич зарари моддӣ расонд. Бино ба  маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Деваштич ин сел бегоҳии он рӯз, дақиқан аз соати 17:30 шуруъ шуд ва осори худро дар деҳаҳои Угук ва Овчии ноҳия гузошт.

Айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Деваштич дар ҷои ҳодиса фаъолият дорад ва тибқи маълумоти ибтидоӣ сел 15,76 га заминҳои кишти картошка, сабзӣ, ҷав, беда, 5 пулро дар деҳаи Овчи хароб кардааст.  

13765 метр хатти обҳои нӯшокӣ ва полезӣ (40 дона қубури азбест), 5 км роҳҳои мошингарди байни деҳаҳо ва 2 км роҳи ноҳиявӣ зарар дидааст.

Дар хабар омадаст, ки сел ҳамчунин ба 13 таҳхонаҳои манзили истиқоматии сокинони деҳаи Овичӣ ворид шудааст.

Дар айни замон бартарафсозии паёмадҳои сели харобкор дар минтақа идома дорад.

Ҳамчунин тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд рӯзи 26 июли соли 2020 тахминан соати 17:10 дақиқа бар асари борони пуршиддат дар километри 128 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳудуди ноҳияи Айнӣ сел омад, ки дар натиҷа роҳи ҳаракати нақлиёт дар мавзеи зикршуда муваққатан баста шуд. 

Бо ҷалби 3 адад техникаи муҳандисӣ, боркунаки фронталӣ ва 1 адад автогрейдер аз тарафи ширкати “IRS”корҳои бартарафсозӣ оғоз ёфта, соати 18:30 дақиқа ҳолати баамаломада пурра бартараф карда шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардид.