Барномаи радиои “Ватан” бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

«Ҳеч касе бетараф нест”. Ҳамин буд шиори даҳрӯзаи коҳиши хатари офатҳо, ки ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офоти табиӣ бахшида шуда буд.

Мулоқоти кори дар Кумита вобаста ба мулоқоти Президенти ҶТ бо кормандони соҳаи саноати кишвар

Санаи 19.10.2019 дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсӣ вобаста ба мулоқоти Президенти ҶТ бо кормандони соҳаи саноати кишвар машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.

«Рӯзи дарҳои боз” барои бачаҳо

Бачаҳо кунҷкованд. Вақте таҷҳизотеро нишон медиҳед, даҳҳо суолро якбора сарозер мекунанд ва кас намедонад ба кадоме аз ин суолҳо пештар посух бидиҳад. Ин кунҷковӣ ҳар гуна сайру саёҳат ва диду боздидро шавқовар мекунад. Баъзан вақти дидор ба поён мерасад ва суолҳое бепосух мемонанд. Ҳамин гуна иттифоқот дирӯз, дар ҷараёни баргузории  “Рӯзи дарҳои боз” дар КҲФ низ рух дод.

Ҷалби бачаҳои дорои имкониятҳои маҳдуд ба мусобиқоти варзишӣ аз ҷониби КҲФ ва Барномаи Рушди СММ

Атфоли дорои имкониятҳои маҳдуд ниёз ба таваҷҷуҳ доранд. Онҳо касонеанд, ки бо нуқсҳои модарзодӣ ба дунё омадаанд ва ё бар асари тасодуфҳое ё аз пои равон монда ва ё гирифтори нуқси дигар ҷисмонӣ гаштаанд. Таваҷҷуҳ ба онҳо боиси рӯҳбаландиву хушдилии онҳо мешавад. Ба вижа агар идораҳои давлатӣ бо ҳар сабабеву ҳар ҷашне ё суруре аз онҳо ёд кунанд. Ва барномаи субҳи имрӯз ҳам аз ҳамин силсила таваҷҷуҳҳо буд, ки ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо тарҳрезӣ шуда буд.

Тамринҳои муштараки КҲФ ва РЕАКТ

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарф намудани офатҳои табиӣ дар соли 2019, ҳамчунин барои беҳтар намудани  ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозиҳо миёни вазоратҳо ва идораҳо – аъзоёни Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозии назди ҲФ (РЕАКТ) аз 14 то 16 октябри соли равон  тамрин дар мавзуъи “Воку

Страницы