Наврӯзатон фирӯз бод!

Муҳтарам корбарони сомона! Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ба муносибати фарорасии иди Баҳор – Наврӯзи хуҷастапай муборакбод мекунад!

Орзу дорем, ки ин ҷашни пурфараҳу нишот ба дилҳои Шумо ҷаҳон-ҷаҳон фараҳ орад. Барои кишвари азиз Наврӯз

Ҷаласаи коршиносони Платформаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ

19 марти соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи доимамалкунандаи коршиносони Платформаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гашт. 

Ҷаласа таҳти раёсати сардори Сарраёсати Кумита-котиби масъули Платформаи Миллӣ- полковник Ҷамшед Камолов гузашт. 

Тоҷикистон дар минтақа дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм қарор дошта, дар ин самт дар кишвар пояҳои меъёрию ҳуқуқӣ тақвият дода шудаанд. Ин матлаб дар ҳамоише  дар Душанбе  вобаста ба масъалаҳои актуалии  пешгирии терроризм  ва экстремизм баён гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату  идораҳои  марбутаи

Корманди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ ҷоизадори мусобиқоти варзишии наврӯзӣ шуд

Ба пешвози иди баҳор Наврӯзи хуҷастапай дар сар то сари кишвар чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо аҳолӣ мунтазам ва басо фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ - маркази Вилояти Мухтори Куиҳистони Бадахшон мусобиқаи варзишии давидан баргузор шуд, ки дар он кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии

Донишомӯзони мактабҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ёриҳои аввалияи тиббӣ ба зарардидагонро тамрин карданд

Дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо дастгирии Ҷамъияти миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон семинари серӯзаи омӯзишӣ миёни 120 нафар хонандагони мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ гузарониданд.
Муддати ин се рӯз хонандагон ва маъмурияти мактаб

Страницы