Гузашта ва имрӯз

Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ устод Гулназар Келдӣ аз олам даргузашт

Имрӯз баъди як бемории начандон тӯлонӣ  Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ аз олам даргузашт. То ин лаҳзаҳо шабакаҳои иҷтимоӣ аз таъзияи шогирдону мухлисон ва алоқамандони шеъри Гулназар пур шуд. Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи шинохтатарин адибони кишвар аст, ки миёни ҳаводорони каломи баъдеъ аз маъруфияти хос бархӯрдор аст. Дар назму наср қувва озмудаву ҳамеша...

Саҳми Нусратулло Махсум дар поягузории давлатдории миллии тоҷикон. Бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон

Бо суқути давлати Сомониён халқи тоҷик дар зарфи ҳазор сол аз давлати миллии хеш маҳрум гашт ва дар ҳайати давлатҳои гуногуни аҷнабӣ умр ба сар мебурд. Танҳо дар ибтидои садаи XX бо шарофати Ҳокимияти Шӯравӣ халқи мо имкон пайдо кард, ки давлати хешро созмон диҳад. Ҳарчанд, ки раванди бунёди ин давлат тӯлонӣ ва пур аз муборизаҳо буд, бо вуҷуди он, шароити фароҳамомадаи ибтидои асри XX имкон дод,

Он чи ҷамъ созад парешонии моён, ваҳдат аст...

Ҳар сол дар таърихи 27-уми июн мардуми баландиқболи саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллиро бо хушнудӣ ва хушҳолии беандоза таҷлил мекунанд. Ин иде аст, ки садо аз хотимаи ҷанг ва башорат аз пирўзиҳои сулҳу субот медиҳад. Муқаддас, шарафманд идест, чаро ки он ҳосили ҷидду ҷаҳд ва кўшишҳои шабонарўзиҳо, натиҷаи ҷонбозиҳои самарабахши сулҳхоҳон аст, ки...

РАМЗИЯ МЕРЗЛИКИНА: «Тоҷикистон-муҳаббати ман !”

(Ӯ расмҳои ҷолиби таърихии Тоҷикистони Шӯравии солҳои 20-30-ро аз хатари нобудӣ ҳифз кард)

Барояш хеле мушкил буд бигӯяд, ки чӣ гуна муяссараш гардид расмҳои таърихиро наҷот диҳад ва тӯли ин солҳо нигоҳ дорад. Вай нақл мекарду мегирист. Он чӣ тавонистам аз суханонаш, аз суҳбати телефонӣ рӯйи коғаз орам, ин аст:

Ҳикматҳои наврӯзӣ

Дар ин айём мардумон дар боғҳо сайругашти идона намуда, духтарон дар шохаҳои дарахт бо белинчак бод мегирифтанд, ки ин манзара хеле ҳам зебову хотирмон буд. Либосҳои идонаи занон нисбат ба либосҳои мардона фарқе доштанд. Мардон тоқии чоргул ба сар мегузоштанд, ки он рамзи чор фаслро дошт. Лекин занон, ки ба монанди табиат офаридагор буданд, дар матоъҳои либосҳояшон гулҳои  табиатро нақшбардорӣ

Страницы