Раёсати Хатлон

Дарси омӯзишӣ дар Раёсати Хатлон

Аз 28 феврали соли 2022 вобаста ба иҷрои Нақшаи якҷоя бо Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх давраи омўзишӣ дар мавзуи «Кор бо ҷасадҳо» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон гузаронида шуд.

  Дар ин чорабини мазкур ҳайати шахсии Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят ва афсарони шуъба ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намуданд.

Мусобиқоти варзишӣ ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ

Дар остонаи таҷлили 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо ва чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд.

Чунончӣ, дар қисми ҳарбии КҲФ воқеъ дар вилояти Хатлон роҳбарияти ин қисм якҷо бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят...

Машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони “Почтаи тоҷик” дар Хатлон

Дар  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рӯзи гузашта, 16-уми феврал санҷиш ва расонидани кўмаки амали-методӣ, гузаронидани машғулияти намунавӣ бо кормандони Корхонаи воҳиди давлатии  «Почтаи тоҷик»  дар  вилояти  Хатлон  ба  роҳ  монда  шуд.

Бояд қайд намуд, ки бо 15 нафар кормандони  Корхонаи воҳиди...

Ба истиқболи баҳор. Ниҳолшинонӣ дар Раёсати Хатлон

Баҳор ҳам наздик мешавад ва имрӯзҳо дар саросари кишвар  маъракаи ниҳолшинонӣ дар авҷ аст. Кормандони Раёс ати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон низ рӯзи 12 – уми феврали соли 2022 дар Анбори захираҳои маводи моддӣ ва техникӣ воқеъ дар ноҳияи Кўшониён 85 дарахти мевадеҳ, 10 адад дарахтони ҳамешасабз ва 150 адад гулу буттаҳои ҳамешасабз шинонданд.

Санҷиши омодагии ҳарбӣ дар Раёсати КҲФ дар Хатлон

Рузҳои 4 - 5 феврали соли 2022 азназаргузаронӣ, сафороӣ, машғулиятҳои сафороӣ, машғулиятҳо оид ба бозомузӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбӣ, ҷамъиятӣ – сиёсӣ, омӯзиши қонуну қарорҳои амалкунанда дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳуҷҷатгузориҳо ва ташкили роҳандозии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, маълумоти умумӣ дар бораи кулҳои вилоят, ташкили...

Страницы