Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Хуросон

Аз 16 то 18 июни соли 2022 дар ноҳияи Хуросон машқи фармондеҳӣ – ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзъуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия, ҳангоми баридани боришоти зиёд, омадани сел аз доманакӯҳҳо ва зери хатар мондани  ҳудуди  ҷамоатҳои  шаҳраку  деҳоти  ноҳия»  гузаронида  шуд.

Дар заминаи машқи мазкур рӯзи 17 июни  соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Қизилқала, деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросон машқи махсуси тактикии мудофиаи граждании ноҳия дар пешгирии ҳолатҳои фавқулодда бо ҷалби қувва ва воситаҳои хадамоти мудофиаи гражданӣ ва аҳолии деҳаи мазкур  тоза  намудани  селроҳаҳи  ҳудуди  деҳаи  Меҳнатобод  дар масофаи 150 метр бо ҷалби 22 адад техникаву механизҳо бо тариқи ҳашари дастаъҷамъона баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ 100 нафар кормандони ташкилоту идораҳо, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва  аҳолии  деҳаи  мазкур  ҷалб  карда  шудаанд.

Рӯзи 18 июни соли 2022 дар марҳилаи дуюми машқи  фармондеҳӣ – ситодии мудофиаи гражданӣ дар майдончаи хадамоти Оташнишонӣ ноҳияи Хуросонбаргузор шуд.

Ин чорабинӣ дар асоси Нақша чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2022 роҳандозӣ шуд.