Дарсҳои омӯзишӣ дар қисмҳои ҳарбии марзбонии КДАМ

Бо мақсади ҳамкории мутақобила ва дар асоси Нақша – омӯзиш байни Кумита ва қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Панҷ, кормандони Маркази таълимию методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон миёни афсарону сарбозон давраҳои омӯзишӣ гузарониданд.

Кормандони Маркази таълимию методӣ дар мавзӯъҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, оид ба пешгирии офатҳои табиӣ ва истифодаи техникаи наҷот тренингҳо гузарониданд.

Инчунин, афсарону сарбозон бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ», риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истироҳат дар соҳили обҳо, ёрии аввалияи тиббӣ дар сурати ғарқ шудан шинос карда шуданд.  

 Ин омӯзишҳо бо дарсҳои амалӣ ҳамроҳ буданд ва дар онҳо наздик ба 600 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ширкат карданд.