Раёсати Суғд

Тозаахбори ин соат. Боди харобкор дар Хатлон, поккориҳо дар Суғд ва шаҳри Душанбе

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва  мудофиаи гражданӣ дар вилояти  Хатлон рӯзи 5-уми июни соли 2020 тахминан соати 18:00 дақиқа дар натиҷаи вазидани шамоли сахт дар ҷамоати деҳоти Ҷиликул, деҳаи Бадахшон 3 адад симчӯби барқии 220 клв ва дар ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, деҳаи Москва 12 симчӯби ҳаҷмаш хурдтар, ки барои чароғакҳои роҳи оҳан қувваи барқ медод, чаппа шудааст.

Омодагиҳо ба фасли гарм. Оё тафреҳгоҳҳои вилояти Суғд омодаанд истироҳаткунандагонро қабул кунанд?

Гарчанде тафреҳгоҳҳо ва иншооти хизматрасонии маишии назди соҳилӣ расман ба кор шўрўъ накардаанд, аммо табиист, ки оғози гармо ҳамагонро ба соҳили махзанҳои об мебарад. Тобистон, фасли гарми сол ва замони рухсатиҳои меҳнатиро аксари одамон мехоҳанд дар лаби наҳру каналу обанборҳо гузаронанд. Ҳоло агар биме аз сироят ба короновирус дар миён ҳаст, вале бо гузашти боз чанд муддат тадриҷан ин тарс ҳам фурӯ

Поккориҳои рӯзи гузашта: шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд

Мубориза зидди коронавирус ҳамвора идома дорад. Духтурони қаҳрамон дар бемористонҳо ҷонбаркафанд, то ҳаёти гирифторон аз марг наҷот дода шавад. Ниҳодҳои дигар бо истифода аз ҳама воситаҳои имконпазир кӯчаву хиёбонҳо, идораву муассисаҳо, боғу гулгаштҳо, даромадгоҳи манзили истиқоматии шаҳрвандон, мошинҳо, роҳҳоро поккорӣ мекунад. Ҳамарӯза даҳҳо тона маҳлулҳои поксозанда барои...

Наваскарони қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд савганд ёд карданд

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳорӣ баргузор шуд. Дар ин маросим ҳайати шахсӣ, афсарону сарбозон ширкат карданд. Ба сабаи бемории коронавирус имсол аз даъвати волидону пайвандон,

Поккориҳои рӯзҳои гузашта: Дар Суғд ва шаҳри Душанбе

Бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавируси СOVID-19 аз ҷониби Гуруҳи безараргардонии Раёсати Кумтаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Дастаи зудамали вилоят дар водии Зарафшон ва Бахши шаҳри Хуҷанд  аз санаи 25-ум то 31-уми майи соли ҷорӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишин, иншоотҳои ҳоҷагии халқ ва дигар...

Страницы