Ҳалокати чор нафар дар ду садамаи мудҳиш дар як рӯз. Чаро ронандагон сабабгори марги дигарон мешаванд?

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражднаии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар бартарафсозии оқибатҳои ду садамаи нақлиётӣ, ки талафоти ҷонӣ ба дунбол дошт, ширкат карданд. Ин ду садама дар роҳҳои Душанбе-Айнӣ ва Панҷекат – Айнӣ рух доданд.

Садам аи аввал дар километри 82 роҳи Айнӣ-Панҷекат рух дод. Мошини тамғаи «Nissan Cefiro», ки аз ҷониби як сокини 27-солаи шаҳри Панҷекати вилояти Суғд  идора мешуд, бо се мусофири он ба ҷарии даҳметра фурӯ рафт. Гуфта мешавад, ки ин мошин аз Айнӣ ба самти Панҷекат дар ҳоли ҳаракат буд. Сабаби садма дақиқан маълум нест, вале эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки аз суръати баланд ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст.

Дар ин садама, мусофири мошин - духтари 23-сола, сокини шаҳри  Панҷекат дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, худи ронанда ва мусофири дигари мошин, зани 40-солаи сокини шаҳр Панҷекат бо ҷароҳатҳои гуногун зинда монданд.

Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ дарҳои мошинро буриданд, болои онро боз карданд ва одамонро аз дохили он берун оварданд. Ронанда ва мусофири дигар ҷароҳатҳои сангин бардошта буданд, аз ин рӯ, ба наҷотдиҳандагон лозим омад хеле дақиқ кор кунанд, то ба ҷароҳати онҳо захми дигар илова нашавад ва онҳоро беосебтар аз дохили мошин берун кашанд. Ин ду нафар ба бемористони шаҳри Панҷекат интиқол дода шуданд. Дар айни замон кормандони БДА сабабҳои ин ҳодисаи мудҳишро таҳлилу таҳқиқ мекунанд. 

Рӯйдоди дуюм зӯҳри рӯзи 27-ум дар километри 151 роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ рух дод. Мошини сабукрави  «Хундай Туксон», ки дар он се шаҳрванд менишастанд, бо суръати баланд дар ҳоли ҳаракат буд ва баногаҳ ба “Камаз”-и боркаше бархӯрд. Бар асари ин садама ин се нафар дар ҷойи ҳоди а ба ҳалокат расиданд. 

КҲФ бори дигар, батакрор ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, бахусус роҳҳои кӯҳиро риоя кунанд. Ҳоло боз ин ки тирамоҳ асту ҳаво ҳам батадриҷ борониву роҳҳои мушкилҳаракат мешаванд, риояи қоидаҳо беш аз ҳар вақти дигар заруранд. Боло бурдани суръат дар роҳҳои морпечи кӯҳӣ ҳамеша фоҷеаву нохӯшиҳоро бадунбол дорад.  

Ҷони худ ва ҷони ҳамсафарону атрофиёнатонро ҳифз кунед!