Раёсати Душанбе

Машқи ситодии мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 659 аз 21 декабри соли 2020 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақша чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои 2021» ва бо мақсади таъмини омодагии доимӣ, ҷиҳати иҷрои вазифаҳо ва мусоидат намудан барои устувории фаъолияти зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудуди Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чанд хабари рӯзи гузашта. Пайдо шудани ҷасади ду ғарқшуда дар Шуғнон ва Сангвор

Дастаи зудамали наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ субҳи рӯзи 22-уми августи соли равон, соати 09:40 дақиқа аз соҳили дарёи Панҷ, дар қаламрави деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон ҷасади як ҷавони 17-соларо пайдо ва ба хешовандонаш супурд. Ин ҷавон сокини шаҳраки Исмоили Сомонии...

Наҷоти 5 ноболиғ дар як лифти харобшуда

12 августи соли 2021 соати 18:19 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар бинои №12/2 кӯчаи  Нусратулло Махсум лифт вайрон шудаву дар он 5 нафар ноболиғон руст мондаанд.

Барои расонидани ёрии фаврӣ гурӯҳи наҷотдиҳандагони...

Боз кардани боз ду дари баста дар як рӯз. Сокинон бояд эҳтиёткор бошанд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз боз кардани боз ду дари  баста дар пойтахт хабар дод. Рӯзи гузашта, соати 11:25 дақиқа як сокини кӯчаи ба номи саъдии Шерозии ноҳияи Фирдавсии пойтахт хабар дод, ки дари хонаи истиқоматиаш аз беэҳтиётӣ маҳкам шудаву вориди он шуда наметавонад.

Кормандони бахши наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ва ба соҳибхона дар боз кардани дари баста кумак карданд. 

Корҳои таблиғотӣ дар тафреҳгоҳҳои наздисоҳилии Суғд. Наҷоти як шиновари 18-сола дар Душанбе, ки қариб буд ғарқи об мешуд

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсатдар мавриди риояи қоидаҳои обббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар соли 2021, ҳамарӯза рейдҳо, корҳои таблиғотӣ дар байни аҳолӣ баргузор мекунад. Чунин як чорабинӣ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Страницы