Чанд хабари рӯзи гузашта. Пайдо шудани ҷасади ду ғарқшуда дар Шуғнон ва Сангвор

Дастаи зудамали наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ субҳи рӯзи 22-уми августи соли равон, соати 09:40 дақиқа аз соҳили дарёи Панҷ, дар қаламрави деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон ҷасади як ҷавони 17-соларо пайдо ва ба хешовандонаш супурд.

Ин ҷавон сокини шаҳраки Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ буд, ки рӯзи 19-уми августи соли равон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Ғунд ғарқ шуда буд.        

****     *****    *****

Ҳамзам он аз пайдо шудани як ҷасади ғарқшудаи дигар дар ноҳияи Сангвор хабар дода мешавад. Рӯзи 22-уми августи соли равон тахминан соати 16:20 дақиқа як ҷавони 29-сола, сокини деҳаи Тиговуни ҷамоати деҳоти Шукнови ноҳияи Ховалинг вақти оббозӣ дар дарёи Хингов ғарқ шудааст.

Ҷасади номбурда аз ҷониби сокинони деҳаи Чуроғ 8 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса, аз наздикии деҳаи Хондараи ҷамоати деҳоти Чилдара пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд. 

****     *****    *****

Шаби 21-уми августи соли равон як сокини кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Душанбе  ба  навбатдори фаврии  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дари хонааш баста шудаву фарзанди ноболиғаш дар дохили хона танҳо мондааст.

Кормандони наҷоти Раёсат баъди дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса расиданд ва дарро боз кардаву духтари ноболиғро саломат ба модараш супурданд.