Наҷоти ду ҷавоне, ки ба қасди худкушӣ худро ба дарёи Варзоб расонда буданд
Чоп шуд: 09/07/2021 | admin
Рӯзи гузашта, 8-уми июл ду ҷавон, ки яке 26 ва дуюмӣ 20 сол доштанд, ба қасди худкушӣ ба дарёи Варзоб, минтақаи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (шафати дидбонгоҳи БДА “Чорбоғ”) омаданд. Яке аз ин ҷовонон сокини деҳаи Ҷангалаки ноҳияи Варзоб ва дуюмӣ сокини шаҳри Душанбе буданд. Аз қасди худкушии онҳо ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе навбатдори ШВКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майори милитсия М.Достизода хабар дод.