Раёсати Душанбе

Наҷоти як тифли дусола, ки паси дари баста монда буд

Зарфи ду рӯз танҳо дар ноҳияи Синои пойтахти кишвар аз баста шудани се дар хабар дода шуд, ки дар мавриде аз он тифли дусола паси дар тани танҳо монда буд. Ҳодисаҳое назири дарҳои баста дар сурати аксулаламли фаврӣ сурат нагирифтан метавонанд ба фоҷеа анҷоманд. Аз ин рӯ бо дарёфти хабар кормандони наҷот фавран ба ҷойи ҳодиса мерасанд ва ба соҳибхона барои боз кардани дар ёрӣ мерасонанд.

Худкушии як зани 32-сола дар дарёи Сурхоб. Се марги дигар дар обҳои кишвар, ки яке ноболиғ буд

Бино ба маълумоти сардори шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт шоми рӯзи 28 июли соли 2020 як сокини деҳаи Навдии ноҳияи Рашт ба кадом сабаби номаълум худро дар дарёи Сурхоб ғарқ кард. Ин манбаъ мегӯяд марҳум оиладор  ва соҳиби се фарзанд буду 36 сол дошт.
Субҳи рӯзи 29-уми июл, соати 07:00 дастаи зудамали наҷои

Панҷ ғарқшудаи се рӯзи охир. Ба марги кӯдаки панҷсола кӣ гунаҳгор? Чаро шиноварӣ надониста худро ба об меандозанд?

Ҳар боре хабари марге дар обро менависем, қалбамон чанд бор фишурда мешавад. Инҳо ҳама аз надонистани қоидаҳои оббозӣ ғарқи об мешаванд. Ва ё дар маконҳое мехоҳанд шиноварӣ омӯзанд, ки оббозӣ мамнуъ аст. Ва ин афрод бо вуҷуди он ки мебинанд таблуҳои мамнуъ овезон аст, маҳз он ҷоро интихоб мекунанд. Панҷ нафаре, ки зарфи ин се рӯзи охир ҷасади беҷонашон пайдо ва ба соҳибон ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда...

Ҷавоне, ки ду ҳафта пеш ҳангоми оббозӣ худро ба дарёи Душанбе афканда буд, шаҳрванди Туркманистон будааст

Ҷасади як шаҳрванди 25-солаи Ҷумҳурии Туркманистон рӯзи гузашта аз канали калони Ҳисор, шафати “Кӯли Ҷавонон” пайдо шудааст. Сариев Перхат зодаи Туркманистон буда, муваққатан дар шаҳри Душанбе мезистааст. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки наҷотдиҳандагон ҷасадро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Сӯхтор дар “Бозори деҳқон”-и шаҳри Душанбе. Касе осеб надидааст. ВКД сабаби сӯхторро эълон кард: истифодаи нодурусти яхдон

Шаби 22-июли соли равон, тахмин соати 00:29 дақиқа дар “Бозори деҳқон”-и пойтахти кишвар, воқеъ дар маҳалли Гипрозем сӯхтор ба амал омад. Бино ба гузориши расмӣ ба ҷойи ҳодиса фавран 14 техникаи оташнишонӣ фаро расида, даст ба амал заданд.  Дастаи зудамали Раёсати душанбегии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Страницы