Узбекистон ба сокинони зарардидаи Тоҷикистон кумаки башарӣ расонд
Чоп шуд: 10/03/2017 | admin
Ҳудудан 60 тонна кӯмаки башарии Узбекистон ба сокинони аз офатҳо зарардидаи Тоҷикистон расид.
7 – уми марти соли 2017 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи Тоҷикистон кӯмакҳои башарӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ, дорувору, маводи сохтмон, ангишт ва сару либоси гарм расид. Ҳаҷми умумии кӯмаки башарӣ наздик ба 60 тоннаро ташкил дод.