Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар шашмоҳаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Раиси Кумита, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Саидмуродзода Хурсандмурод, муовинони Раиси Кумита, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсии Кумита иштирок намуданд.
Ҷаласаро Раиси Кумита, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ифтитоҳ намуда, доир ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар давраи ҳисоботӣ, тадбирҳои андешидашуда дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо, инчунин таҳкими низоми мудофиаи гражданӣ ибрози назар намуд.
Зимни ҷаласа фаъолияти сохторҳои Кумита дар шашмоҳаи якуми соли 2026 мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуданд. Ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омодабошии қувва ва воситаҳо, тақвияти корҳои пешгирикунанда, такмили маҳорати касбии ҳайати шахсӣ ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Саидмуродзода Хурсандмурод зимни суханронӣ фаъолияти Кумитаро дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлил қарор дода, вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо, таҳкими интизоми хизматӣ ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарону кормандон андешаҳои худро баён намуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти Кумита, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани самаранокии кор дар самтҳои афзалиятнок тавсия ва дастурҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Раиси Кумита, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ вазифаҳои минбаъдаро барои нимсолаи дуюми соли 2026 муайян намуда, ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва шахсони масъул ҷиҳати иҷрои босифату саривақтии вазифаҳои гузошташуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар фарҷоми ҷаласа фаъолияти хизматии як қатор шахсони масъул, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 ба камбудиҳои ҷиддӣ ва саҳлангорӣ дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ роҳ додаанд, мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Бо фармоиши Раиси Кумита нисбат ба шахсони мазкур чораҳои қатъии интизомӣ татбиқ гардида, бархе аз вазифаҳои ишғолнамуда озод ва ба вазифаҳои пасттар таъйин карда шуданд.


