Чӣ гуна бо кӯдакон дар бораи коронавирус (COVID-19) бояд сӯҳбат намуд

7 маслиҳати муфид барои оромӣ ва ҳифзи кӯдакон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди иттилоотро ба аҳолӣ оид ба усулҳои муҳофизат аз коронавирус идома медиҳад.

Имрӯз мо ба Шумо истифодабарандагони муҳтарами сомона дар фазои маҷозӣ, бо кӯдак чӣ гуна оид ба бемории коронавирус бе осеб расонидан ба ҳолати руҳии ӯ, ҳафт маслиҳатҳои оддӣ пешниҳод менамоем.

Барои кӯдакон фаҳмидан ва дарк намудани он чизе, ки онҳо дар Интернет ва телевизор мебинанд ё шунидани фикру ақидаи одамони дигар - душвор аст, онҳо метавонанд ба эҳсоси изтироб, тарс ва рӯҳафтодагӣ осебпазир бошанд. Аммо сӯҳбати ошкоро ва дастгири Шумо ба фарзандонатон, метавонад мушкилии равонии онҳоро сабук гардонад! Маслиҳатҳои муфид аз ҷониби мутахассисони Хазинаи кудакон дар Тоҷикистон (Юнисеф), ки яке аз шарикҳои хеле фаъоли мо ба ҳисоб меравад, пешниҳод намуданд. Инак, шинос шавед!

1. Саволҳои рӯшод диҳед ва гӯш намоед

Бо фарзанди худ ин мавзӯъро муҳокима намоед. Бифаҳмед, ки чӣ қадар ӯ аллакай медонад ва ҷавоби ӯро гӯш кунед. Агар, фарзанди Шумо хеле хурд буда, дар бораи ин беморӣ нашунидааст, шояд ба шумо лозим нест, ки ин мавзӯъро бо у бардоред - танҳо фурсати муносибро истифода бурда, ба ӯ қоидаҳои гигиенаро бори дигар ёдрас намоед, лекин кӯшиш намоед, ки кӯдакро аз ин рафтори худ натарсонед.

Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо дар муҳити бехатар қарор доред ва ба фарзандатон озодона гап занед. Расм, ҳикояҳо ва усулҳои дигар метавонанд ба кӯдаки шумо барои кушодани сӯҳбат кӯмак расонанд.

Муҳим он аст, ки Шумо аз фарзанди худро фиреб надиҳед ва аз муҳокимаи мушкилоти онҳо канорагирӣ накунед. Ҳиссиёти онҳоро ба назар гиред ва ба онҳо бигӯед, ки доштани тарс дар ин ҳолат  табиӣ аст. Нишон диҳед, ки шумо гӯш медиҳед, тамоми диққататонро ба онҳо медиҳед ва итминон ҳосил кунед, ки онҳо метавонанд дар вақти дилхоҳ бо шумо ва муаллимон сӯҳбат кунанд.

2. Ростқавл бошед: ҳақиқатро бо забони дастраси кӯдак шарҳ диҳед

Кӯдакон барои гирифтани маълумоти воқеӣ оид ба ҳодисаҳои ҷаҳонӣ ҳуқуқ доранд, вале калонсолон бояд кӯшиш инчунин бояд онҳоро аз ранҷу азоб муҳофизат кунанд. Бо забоне, ки ба синну соли кӯдак мувофиқ аст сухан гӯед, аксуламали онҳоро зери назорат гиред ва дар ҳолати ба ташвишҳо дучор гаштани онҳо ҳассос бошед.

Агар шумо ба саволҳои онҳо ҷавоб дода натавонед, онҳоро фиреб надиҳед. Чунин вазъи ба амал омадаро ҳамчун имконият барои ёфтани ҷавоби якҷоя истифода баред. Фаҳмонед, ки баъзе маълумотҳо дар Интернет мӯътамад нестанд ва ба дар ин ҳолат маслиҳат гирифтан аз мутахассисони боваринок беҳтар аст.

3. Ба онҳо нишон диҳед, ки чӣ гуна худ ва дӯстони худро ҳифз кунанд.

Яке аз роҳҳои беҳтарини ҳифзи кӯдакон аз коронавирус ва дигар бемориҳо ин танҳо ташвиқ намудани шустани дастҳо мебошад. Дар ин ҳолат, ҳангоми суҳбат набояд кудакро тарсонд. Ҳангоми шустани дастон бо кӯдаки худ суруд хонед, ё бо усули бозӣ онро гузаронед, то ин ки  қоидаҳои шустани дастро кӯдакони Шумо осонтар қабул намуда, дар хотири худ нигоҳ доранд.

Шумо инчунин метавонед ба фарзандони худ усулҳои пӯшонидани даҳон ҳангоми атса ё сулфа нишон диҳед, ё бо руймолча ё бо оринқи даст, ба кӯдаки худ фаҳмонед, ки ба одамоне, ки ин нишонаҳоро доранд, наздик нашаванд ва аз онҳо хоҳиш намоед, ки кӯдакатон ба шумо ҳангоми табларза, сулфа, ё диққи нафас шудан ҳатман хабар диҳад.

4. Онҳоро рӯҳбаланд кунед

Дар ҳоле, ки мо тариқи телевизор ё шабакаҳои интернетӣ наворҳои  ташвишоварро мебинем, онҳо метавонанд сабаби изтироби мо шаванд. Кӯдакон бошанд он тасвирҳое, ки тариқи экрани телевизор мебинанд аз воқеияте, ки худи онҳо қарор доранд, фарқ карда наметавонанд, ки ин ҳам ба он оварда мерасонад, ки кӯдак худро дар  ҳолати хатарнок эҳсос намоянд. Дар ин ҳолат, барои равшанӣ андохтан ва аз тарс баровардани кӯдак, Шумо метавонед ба фарзандонатон кӯмак намоед. Ҷадвал ва реҷаи муқаррарии бударо то ҳадди имкон риоя кунед, алахусус пеш аз хоб, ё дар тартиб додани реҷаи нав ба кӯдаки худ кӯмак кунед.

Агар дар минтақаи шумо хуруҷи бемории коронавирус ба миён ояд, ба фарзандонатон хотиррасон кунед, ки эҳтимолияти гирифтор шудан ба ин беморӣ нест, аксарияти одамоне, ки гирифтори бемории коронавирус ҳастанд, сахт бемор намешаванд ва бисёри калонсолон барои бехатарии оилаи шумо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.

Агар фарзанди шумо худро бад ҳис накунад, фаҳмонед, ки ӯ бояд дар хона ё дар беморхона монад, зеро бо ин рафтор вай ҳам худ ва ҳам дӯстонашро ҳимоя менамояд. Ба онҳо фаҳмонед, ки шумо оид ба душворӣ ё тарси фарзандатон бо хабар ҳастед (шояд ин барои онҳо даҳшатнок ё ҳатто дилгиркунанда ҳам бошад), аммо риояи қоидаҳо бехатарӣ таъмини солимии ҳама мебошад.

5. Ба худ ёвар омода созед

Барои кӯдакон донистани оне, ки одамон ба ҳамдигар меҳрубон ва саховатпеша ҳастанд, хеле муҳим мебошад.

Бо фарзанди худ оид ба фаъолияти кормандони тандурустӣ, олимон, ҷавонон ва дигарон, ки барои пешгирии ин беморӣ саҳм гузоштаанд, ҳикояҳо намоед. Ба кӯдакон хеле муҳим аст, то бидонанд, ки шахсони муттасадӣ паси ҳалли ин мушкилот ҳастанд.

6. Худро эҳтиёт намоед

Шумо метавонед ба фарзандони худ бештар ёрии худро расонед, дар шарте, ки худро эҳтиёт намоед. Кӯдакон худ хеле хуб дарк мекунанд, ки чӣ гуна шумо ба гирифтани хабари нав рафтор мекунед, то чӣ андоза шумо оромед ва вазъиятро назорат мекунед.

Агар шумо худро нороҳат ё хаста ҳис намоед, барои худ вақт ҷудо кунед ва барои ёрӣ ба дигар аъзоёни оила, дӯстон ва шахсони боэътимод дар тамос шавед. Барои истироҳат кардан ва қувваи нав гирифтан вақт ҷудо кунед.

7. Сӯҳбатро бо ғамхорӣ ва муҳаббат анҷом диҳед

Барои волидайн хеле муҳим аст, ки фарзандро бо тарсу ҳаросашон танҳо нагузоранд. Дар анҷоми суҳбати худ кӯшиш кунед, ки аз сатҳи изтироби фарзанд худ тариқи ҳаракати бадан, чашмон ва нигоҳи онҳо эҳсос ва мушоҳида намоед, ба оҳанги суханронӣ ва нафаскашии онҳо диққати махсус диҳед.

Ба фарзандони худ ёдрас шавед, ки онҳо дар ҳар лаҳза метавонанд бо шумо дар дигар мавзуъҳои ба онҳо муҳим сӯҳбат намоянд. Ба онҳо бори дигар хотиррасон кунед, ки шумо доимо барои ҳалли мушкилоти онҳо омода ҳастед.