Ҳаводиси олам

Ҳалокати даҳ нафар дар як садамаи ҳавопаймоӣ

Бар асари суқути ҳавопаймои думотора дар иёлоти амрикоии Техас даҳ нафар кушта шуданд. Дар ин бора ширкати телевизионии   CBS DFW истинодан ба манбаъҳои расмӣ хабар дод.

Дар фуруди изтирории чархбол дар бинои осмонхароши Ню-Йорк як тан кушта шуд

Мақомоти оташнишонии Ню-Йорд эълон карданд, ки халабони чархбол баъди фуруди изтирорӣ дар боми як бинои осмонхароши Manhattan Midown Building ин шаҳр кушта шуд. Ин бино аз 59 қабат иборат буда, дар хиёбони Манхэттен ҷойгир будааст.
Ширкати телевизионии CNN истинодан ба идораҳои сӯхторхомӯшкунӣ гуфтааст, ки ҳодиса боиси ларзиши ин сохтмони 54-қабата шудааст ва ҳамзамон дар маҳалли

Теъдоди қурбониёни садамаи автобус дар Дубай ба 17 нафар расид

Шумори ҳалокшудагон дар садамаи автобус дар шаҳри Дубайи Иморати Муттаҳидаи Араб ба 17 нафар расидааст. Дар ин бора пулиси Дубай дар саҳифаи худ дар Твиттер хабар дод. Гуфта мешавад, ки ин автобус мутааллиқ ба ширкати Уммон Mwasalat буда, бегоҳии рӯзи панҷшанбе дар шоҳроҳи Sheikh Mohammed Bin Zayed Road чаппа шудааст.

Ҳалокати 7 нафар ва бенишон шудани 21 тани дигар дар суқути киштии тафреҳӣ дар Будапешт

Бар асари суқути як қоиқи тафреҳӣ дар руди Дунай дар Будапешт ҳаддиақал 7 нафар ҳалок шуданд ва даҳҳо тани дигар бенишонанд. Дар ин бора хабаргузории  Reuters истинодан ба манбаъҳои худ хабар додааст. Пулиси Будапешт гуфтааст, ки дар вақти чаппа шудани қоиқ 33 нафар гардишгарон аз Куриёи Ҷанубӣ савори он буданд, худи киштиро 2 нафар идора мекарданд. Манбаъ гуфтааст, ки хадамоти наҷот 7 нафарро аз

Аввалин куштагони гармо дар Ҷопон. Ҳавои сарду барфи шадид дар Австралия

Дар Ҷопон зарфи як ҳафтаи охир 2053 нафар аз шиддати гармо ба бемористонҳо муроҷиат карданд ва 532 нафар бистарӣ шуданд. Чаҳор тан аз сокинони ин кишвар ба ҳалокат расиданд. Дар иёлоти Викторияи Австралия бошад зарфи 4 рӯзи охир барфи шадид роҳҳоро баставу мошинҳоро андармон кардааст. Барф то 40 см боридаву зиндагиро дар минтақа ба мушкил рӯ ба рӯ намудааст.

Страницы