Шиддати гармо дар Аврупо. Ҷангалҳо оташ мегиранд, ҳазорон нафар аз маконҳои худ фирор мекунанд (ВИДЕО)
Чоп шуд: 20/07/2022 | redaktor
Сар аз ҳафтаи ҷорӣ саросари Аврупоро мавҷи гармо фаро гирифт обуҳавшиносон ҳолати бамаломадаро нигаронкунанда меномаанд. Рӯзи сешанбе дамои ҳаво дар Британияи Кабир гармтарин рӯзи сол буд. То нимирӯзи дар графигарии Суррей ҳарорат ба 39 1°С расид. Охирин бор соли 2019 дар Кембриҷ дамои ҳаво ба 38,7°С расида буд ва ҳоло ин рекорд шикаста шуд. Каме баъдтар эълон гардид, ки дар Хитроу дамои ҳаво ба 40,2°С расидааст ва он метавонад ҳамчунин то ба 42 дараҷа боло равад.