Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар конфронси шашуми “Платформаи ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо”
Чоп шуд: 16/05/2019 | admin
Дар шаҳри Женеваи Швейсария конфронси шашуми “Платформаи ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо”, ки рӯзи 13-уми майи соли равон бо ширкати 3500 намоянда аз 150 кишвари олам оғоз ба кор карда буд, идома дорад. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин конфронс муовини Сарвазири кишвар М.Зокирзода сарварӣ мекунад ва ба ин ҳайат Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати