Заминларза дар Тоҷикистон. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест
Чоп шуд: 08/05/2025 | redaktor
Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми майи соли 2025, соати 07:55 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза 168 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 26 километр шарқи ноҳияи Рашт ва 23 километр шарқи ноҳияи Тоҷикобод дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.