Ҳашари сокинон ҷиҳати рафъи пайомадҳои сел дар Айнӣ ва Мастчоҳ
Чоп шуд: 06/05/2025 | redaktor
2-уми майи соли равон бар асари боронҳои пуршиддат дар деҳаи Хушекати ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнии вилояти Суғд сел омад. Лойю сангу рег ҳамроҳ бо дигар селовардаҳо ба заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷуйборҳои оби полезӣ, роҳои дохилӣ ва иншооти ёрирасон ворид гардида, зарар расонида буд.
Зарфи чанд рӯзи гузашта ҷиҳати бартараф кардани пайомадҳои ин офати табиӣ ҳудудан 100 нафар сокинон бо ҷалби 2 техника масофаи 300 метр роҳи дохили деҳа, ҷӯйборҳо ва 1 замини наздиҳавлигиро тариқи ҳашар аз сангу регу лой тоза карданд.