августа 2020

Садамаи мошини боркаш дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб. Маълумоти иловагӣ. Панҷ расм аз ҷойи ҳодиса

Садамаи мошини боркаш, ки аз Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб равон буд, тақрибан соати 02 шаб иттифоқ афтод. Ҳамчуноне дар хабари аввал ҳам ишора рафт, садама дар километри 87-уми роҳи ёдшуда рух дод. Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи градании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ин мошин 28 тонна тахтаро ба Кӯлоб мебурд.

Сел дар гармо. Беборон он аз куҷо меояд? Чаро Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки сокинон эҳтиёт кунанд?

Август маъмулан моҳи гарм аст, дар гузашта чунин буд, имрӯз ҳам чунин аст. Бахусус ин шабӯ рӯз мебинем, ки гармии он тоқатфарсотар аз солҳои пеш аст. Ва дирӯз, 11-август ҳодисае дар ноҳияи Лахш рӯй дод, ки дар сурати идомадору серобтар омадани сел ҳаҷми харобиҳо меафзуд. Тибқи  маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани дар ноҳияи Лахш тақрибан соати 13:20 дақиқа,

Хабарҳои ин соат. Фоҷеа болои фоҷеа. Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Як пистачини норакӣ дар ҷарии умқаш 20 метр сарозер шуд. Дар садамаи Данғара ду бародарон аз Истаравшан ҷароҳат бардоштанд. Ҷавони 19-солаи ҳисорӣ дар Вахш ғарқ шуд.

***   ***   ***

Сокини 47-солаи деҳаи Лангари шаҳри Норак ҳангоме...

Ҳалокати як дучархарони 14-сола дар Лахш

Намедонам ин чандумин марги ноболиғон дар обҳои кишвар зарфи даҳ рӯзи охир бошад. Чандин хабари ин фавтҳои фоҷеавиро расонаӣ ҳам накардем, чун хеле зиёд шуданду қалбҳоро фишор медоданд. Аммо боз ҳам намешавад аз ҳамаи ин хабарҳо ҷашм пӯшид, хоса аз ин хабар, ки  дучархасавори чаҳордаҳсола дар дарё ғарқ шудаву волидон ва пайвандонро дар мотам нишондааст.

Беш аз 20 миллион сироятшуда ба COVID-19 дар олам. Дар Тоҷикистон гирифторон ба коронавирус ба 7785 нафар расидааст. Вазорат мегӯяд 6573 шифо ёфтаанд

То 10 августи соли равон дар олам 20 024 265 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Танҳо зарфи як шабонарӯзи гузашта дар саросари олам 72 ҳазору 599 нафар ба ин беморӣ сироят шудаанд.  Аз оғоз то ба ин дам аз КОВИД-19 дар кишварҳои дунё 733 ҳазору 995 нафар ба ҳалокат расидаанд. Шабонарӯзи гузашта бар асари коронавирус 1 ҳазору 766 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Крани борбардор сабабгори хароб шудани болопӯши боми хонаи сокинон шуд. Аз ду корманди захмии ширкати сохтмонӣ яке фавтид (Навшуда)

Бегоҳии рӯзи 8 августи соли 2020 тақрибан соатҳои 19:45 дақиқа дар кӯчаи Сурхоби шаҳри Душанбе як крани борбардор, ки ба ширкати «Хиштрез» мутааллиқ будааст, чаппа шуда, болопӯши чанд бинои истиқоматиро хароб кардааст.

Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ду хабар, ду фоҷеа. Худкушии як ҷавони 29-сола дар Сурхоб. Ҳалокати як бонуи 20-сола дар Язгулом

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 7уми августи соли равон, соати 13:30 дақиқа, як бонуи бистсола, сокини деҳаи Мотравнҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, ки дар дарёи Язгулом оббозӣ мекард, дар об ғарқ шуд.

Гурӯҳи ихтиёрии наҷотдиҳандагон баъди

Ҷаласаи РЕАКТ дар Душанбе: Ҳузурӣ ва онлайн

Имрӯз, 7 август таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу, бо ширкати намояндагони вазоратҳо ва идораҳои кишвар ва як қатор созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ҷаласаи

Нигаронии мубаллиғони Раёсати КҲФ дар Суғд аз бепарвоии мардум нисбат ба КОВИД-19. Одамон қоидаҳои беҳдоштиро камтар риоя мекунанд

Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза ба бемории сироятии коронавирус имрӯзҳо дар ҳамаи гӯшаву канори кишварамон чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ вусъати тоза мегирад. Мақомоти иҷороияи ҳокимияти давлатии вилоят ва масъулони сохторҳои давлатӣ ба хотири коҳиш додани сатҳи беморӣ бевоситаи дар маҳаллаҳо бо сокинон мулоқотҳо доир менамоянд.
Аммо воқеъияти ҳол нишон медиҳад, ки як андоза

Сӯхтори рӯзи гузашта 3000 м2 заминҳои талу теппаҳои деҳаи Шодоби Варзобро ба коми худ кашид

Соати 13:33 дақиқаи рўзи 06 августи соли 2020 дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғ деҳаи Шодоб 2 дар тарафи рости соҳили дарёи Варзоб теппаҳои чарогоҳи маҳаллӣ сўхтор ба амал омад.

Дар бартараф намудани сўхтор ҳайати шахсии бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, 1 гурўх

ФАВРӢ! Даргузашти фоҷеабори сарояндаи маъруф Баҳром Ғафурӣ. Як куштаву ду захмии як садамаи мудҳиш. Шарҳи расмӣ

Субҳи имрӯз, 7уми август тахминан соати 04:16 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар кўчаи  Рудакӣ  106 ноҳияи И.Сомонӣ, садамаи нақлиёти рўх додааст. Соати 04:18 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд.
Дар натиҷа муаян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар шаҳри Гулистон

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд аз ҷониби  кормандони Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар мавзеъҳои истироҳатии Сайёд, Баҳористон ва Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, ки бештари аҳолӣ дар минтақаҳои мазкур машғули истироҳат мешаванд,

Страницы