Ҳушдори КҲФ аз селҳои эҳтимолии рӯзҳои оянда
Чоп шуд: 08/07/2025 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 8–10-уми июли соли равон бо сабаби гармшавии ҳаво ва обшавии қабати барфу пиряхҳо дар минтақаҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд ва минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) хатари омадани селҳо ва