Чаро замин рӯ ба гармои шадид овардааст? Илм чӣ мегӯяд? Бахши аввал

ИМРӮЗ

Шумораи ҷонбохтагон дар обхезиҳои иёлати Техаси ИМА аз 80 нафар гузашт. Теъдоди ҳалокшудагон эҳтимолан бештар аз ин аст. Ин омори рӯзи якшанбеи гузашта буд. 27 духтарбачае, ки дар лагери истироҳатӣ буданд, бенишон нопадид шудаанд. Ҳудудан ҳазор нафарро ба макони амн интиқол доданд. Обхезӣ натиҷаи гармои бесобиқа ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо буд.

Аврупо ҳам аз гармои шадид бонги изтироб мезанад. Испания, Португалия ва Англия эълон карданд, ки июн моҳи гармтарини соли ҷорӣ барои ин кишварҳо буд. Дар баъзе қисматҳои Поругалия дамои ҳаво аз 46 дараҷа боло рафт.

Италия аз ҳалокати ду нафар ба асари гармои шадид хабар дод. Ин кишвар ба сокинони 13 вилояти худ тавсия дод, ки дар соатҳои гарми рӯз аз хона хориҷ нашаванд.

Дар Туркия гармои шадид боиси оташ гирифтани ҷангалҳо шуд. Хадамоти оташнишонии ин кишвар аз эвакуатсияи зиёд аз 50 ҳазор нафар хабар дод, ки аксари онҳо сокинони вилояти ғарбии Измир мебошанд.

Дамои ҳаво дар Юнон ҳам аз 40 дараҷа боло рафт. Сокинони баъзе манотиқ ночор ба тарки манзилҳои худ шуданд.

Сӯхтори ҷангал дар Черногоия низ ба қайд гирифта шуд.

Дар Тоҷикистон ҳар рӯз назар ба рӯзи қабл ҳаво гармтар мешавад. Агентии обуҳавошиносии кишвар аз гармиҳои шадидтар ҳушдор медиҳад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинонро аз эҳтимоли селҳо бар асари об шудани пияхҳо огоҳ мекунад ва тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо рафтан ба моҳидорӣ ва оббозӣ ва умуман ҳузур дар соҳили рӯдхонаҳо хатарҳо дар пай дорад.

Сабаб чист? Чаро олам зарфи солҳои охир ба чунин гармиҳои то ҳадде ҳалокатовар рӯ ба рӯ шуд? Посухи ин суол руҷуъ ба таърих дорад.

ГАРМОИ УМУМИҶАҲОНӢ. АЗ ГУЗАШТА ТО ИМРЎЗ

Дар корбурди роиҷ тағйири иқлим (анг. Climate change) тавсифкунандаи гармои ҷаҳонӣ ё гарм шудани кураи Замин (анг. Global warming ) аст. Ба маънои дигар афзоиши миёнаи ҳарорати ҳаво дар олам ва таъсири он ба иқлими Замин. Ин як падидаест, ки боиси баланд шудани ҳарорати миёнаи замин ва уқёнусҳо шудааст. Дигаргуншавии иқлим ба маънои васеъ тағйироти қаблии дарозмуддати иқлими заминро дар бар мегирад. Дар давоми 100 соли охир сайёраи Замин ба таври ғайримуқаррарӣ гарм шуд, ки олимонро нигарон кардааст. Баъзе донишмандон бар ин назаранд, ки даҳсолаҳои охири асри ХХ гармтарин солҳо дар 2000 соли охир буданд. Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки 10 соли гармтарини ҷаҳон танҳо аз соли 1990 то 2007 сабт шудааст, ки бештарин дар 150 соли охир аст.

Аз соли 1880 андозагирии дамои ҳавои кураи Замин оғоз шудааст ва он то ба имрўз идома дорад. Донишмандон мегўянд, ки соли 2100 гарм шудани кураи Замин боиси хушксолии шадид, гармои бесобиқаи сўзон ва тўфонҳои ваҳшатнок хоҳад шуд.

Ҳамчуноне ишора рафт, таърихи пажўҳишҳои илмӣ дар бораи тағйирёбии иқлим аз ибтидои асри XIX оғоз мешавад, ки олимон бори нахуст аз давраи яхбандӣ ва дигар тағйироти табиии иқлими гузаштаи Замин огоҳ шуданд ва аввалин маротиба таъсири партобҳои гулхонаиро кашф карданд. Дар охири асри XIX донишмандон бори аввал дар мавриди газҳои гулхонаӣ, ки метавонад дар гарм шудани замин бетаъсир набошад, баҳс оростанд. Пас аз ин, бисёр назарияҳои дигари тағйирёбии иқлим масалан, дар зери таъсири фаъолияти вулқонҳо ва сабаби тағйирёбии фаъолияти Офтоб ба миён гузошта шуданд. Дар солҳои 1960 назарияпардозӣ дар бораи асароти гармоиши гази карбон боварибахштар шуд, гарчанде ки баъзе олимон зикр карданд, ки аэрозолҳои антропогении атмосфера (дар шакли «олуда шудан») метавонанд таъсири сардкунӣ дошта бошанд. Дар солҳои 1970-ум ҷомеаи илмии олам ҳарчи бештар гармшавии заминро дар натиҷаи таъсири газҳои гулхонаӣ дастгирӣ мекард. Дар ибтидои солҳои 1990-ум донишмандон бештар аз пештар ба назарияи таъсири газҳои гулхонаӣ ба гарм шудани Сайёра бовар карданд.

Соли 1988 бо ширкати Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бо мақсади ироаи маълумоти собити илмӣ Гурўҳи байнидавлатии таҳлилгарони тағйири иқлим (IPCC, ГБТТИ) таъсис дода шуд, ки зери ҳимояи СММ фаъолият мекунад. Ин созмон солҳои баъдӣ дар арзёбии сабабҳои тағйири иқлим ба комёбиҳои илмӣ даст ёфт. Дар чорумин маърузаи худ ГБТТИ ба ин нукта таъкид кард, ки 90% эҳтимолияти тағйири дамои ҳаво ба партоби газҳои гулхонаӣ вобаста аст, ки ба дасти инсон анҷом мешавад.

Дар панҷумин маърузаи худ овард: “Муайян карда шуд, ки дар баланд шудани дамои атмосфера ва уқёнусҳои олам, тағйири умумиҷаҳонии силсилаи гидрологӣ, коҳиши миқдори барф ва ях, болоравии сатҳи миёнаи оби баҳр ва баъзе падидаҳои ғайриодии иқлимӣ инсон даст дорад...Эҳтимол меравад таъсири инсон сабаби асосии гармоише шуд, ки аз миёнаҳои асри ХХ мушоҳида мешавад

Солҳои 2021 ва 2022 “Маърузаи шашуми арзёбии ГБТТИ” мунташир шуд. Маърузаи вижаи “Гармоиши умумҷаҳонии 1,5 С”, ки соли 2018 расонаӣ шуд, аз ҷониби ВАО дар саросари олам васеъ шарҳ ёфт.

Таҳлилгарон дар ин маърузаи охир низ таъкид карданд, ки натиҷаи гармои умумиҷаҳонӣ болоравии сатҳи оби баҳр, тағйири миқдорӣ ва сифатии боришот, афзудани биёбонҳо мебошад. Вусъати зичии падидаҳои ғайриодии обу ҳаво, аз ҷумла мавҷи гармӣ, хушксолӣ ва селҳо; оксидшавии уқёнусҳо; марги гунаҳои биологӣ бар асари тағйири низоми ҳароратӣ аз ҷумлаи омилҳои дигаранд. Барои инсон таҳдиди амнияти ғизоӣ бар асари таъсири манфӣ ба ҳосилнокии заминҳо (бахусус дар Осиё ва Африқо) ва аз даст рафтани ҷойҳои маскунӣ барои одамон дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби баҳр хеле муҳим ва таъсиргузор мебошад.

Солҳои 2000-2010 партоби газҳои гулхонаи ба атмосфера 2,2% афзуд. Дар ҳоле ки ин рақам дар солҳои 1970 - 2000-ум 1,3%-ро ташкил медод.

Сатҳи дамои ҳаво дар давраи солҳои 1901-2012 ба ҳисоби миёна 0,89±0,20 °C афзуд. Ба эҳтимоли зиёд давраи сисолаи 1983-2012 қисмати Нимкураи Шимолӣ гармтарин дар 800 соли охир буд. Тағйири иқлим вобаста ба газҳои гулхонаӣ дар нимаи аввали қарни бистум ба рушди гиёҳон таъсир гузошт, бавижа дар оғози қарни бистум хатари хушксолӣ дар миқёси ҷаҳонӣ афзуд ёфт.

Гармои шиносоишуда тавассути андозагириҳои мустақими дамои ҳаво бо доираи васеи мушоҳидаҳои аз ҷониби бисёре аз гурўҳҳои мустақили тадқиқотӣ гузарондашуда мувофиқат мекунад. Намунаҳое аз ин мушоҳидаҳо иборатанд аз афзоиши сатҳи оби баҳр (пайдошуда аз афзоиши ҳарорати об ҳангоми гарм шудан), об шудани пиряхҳо, афзудани гармии уқёнус, баланд гардидани рутубат ва зудтар шуруъ шудани баҳор буда метавонад.

Пойдории нисбии дамои атмосфера дар солҳои 2002-2009, ки бисёре аз расонаҳо ва бархе аз донишмандон онро “танаффус” ё “боздоштани” гармшавии ҷаҳонӣ номиданд, намунае аз чунин рўйдоде аст. Агарчи суръати афзоиши дамои атмосфера дар ин давра паст шуда бошад ҳам, дар уқёнус тамаркузи гармӣ дар умқи бештар аз пештар вуҷуд дошт.

Ҳар соли давраи 1986-2013 ба ҳисоби миёнаи солҳои давраи 1961-1990 гармтар буд. То соли 2019-ум 20 соли гармтарини таърихи мушоҳидаҳо, ки аз соли 1850 шуруъ шудааст, ба 22 соли охир тааллуқ мегирад.

(Идома дорад)

Бо истифода аз матолиби илмии чопшуда дар Интернет таҳия ва танзими Бобоҷон Шафеъ