КҲФ: Пешгирӣ аз ғарқшавӣ дар вилояти Хатлон

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, дар масҷиди ҷомеи деҳаи Рӯдакии ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх вохӯрӣ бо намозгузорон баргузор гардид.

Ин вохӯрӣ қабл аз адои намози ҷумъа баргузор шуда, дар он Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон ва сардори шуъбачаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ, иштирокчиён вобаста ба дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар дар самти пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавии ноболиғон ва ҷавонон, инчунин ҷилавгирӣ аз шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ суханронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳои таблиғотӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва кишвар низ пайваста идома доранд.