Сӯхтори рӯзи гузашта 3000 м2 заминҳои талу теппаҳои деҳаи Шодоби Варзобро ба коми худ кашид

Соати 13:33 дақиқаи рўзи 06 августи соли 2020 дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғ деҳаи Шодоб 2 дар тарафи рости соҳили дарёи Варзоб теппаҳои чарогоҳи маҳаллӣ сўхтор ба амал омад.

Дар бартараф намудани сўхтор ҳайати шахсии бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, 1 гурўх дастаи таиноти махсуси кофтукови наҷоти Кумита иборат аз 9 нафар, наҷотдиҳандагони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД иборат аз 10  ва 150 нафар сарбозону афсарон аз қисми ҳарбии 3502 қушунҳои дохилии  ВКД ҶТ сафарбар шуданд.

Соати 14:29 дақиқа сӯхтор пурра хомӯш карда шуд. Таҳлили аввал нишон дод, ки тахминан 3000 м2 замин ба коми оташ рафтааст.

Сӯхтор талафоти ҷонӣ надошт.

барчасп: