Activities calendar

16 декабря 2016

КҲФ: Тағйири ногаҳонии боду ҳаво дар қаламрави кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии мамлакат аз 17 то 21-уми декабри соли 2016 якбора бад шудани ҳаво, аз ҷумла бориши борон ва дар баландии 1200 метр барфи тар, ҳамчунин дар водиҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорати миёнаи ҳаво  8 °С-ро ташкил хоҳад дод.

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

16-уми декабри соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо иштироки сардори Раёсати мудофеа ва таъминоти ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Шараф Файзуллозода ҷаласаи коллегия оид ба ҷамъбасти фаъолиятҳои  КҲФ дар 11 моҳи охир баргузор шуд.