Наҷоти “кӯҳнавард” дар Хатлон
Чоп шуд: 12/05/2018 | adminКӯҳнавардӣ ҳам дарси маҳорат дорад, вале баъзе касон гумон мекунанд доштани қувваву неру басанда аст, ки ба сахраҳои азим боло шаванд ва қуллаи пеши рӯро фатҳ кунанд. Сокини 28-солаи ноҳияи Кӯшониён низ кӯҳбароиро саҳл мепиндошт, вале чун боло шуд, ба ҷойе расид, ки на маҷоли боло рафтан дошт ва на ҷуръати поин омадан. Ва агар телефони мобилиашро бо худ намедошт, кӣ медонад ҳолат чӣ мешуд.