Activities calendar

07 майи 2018

Санҷиши соҳилҳои оббозӣ ва истироҳати тобистона

Бо фаро расидани мавсими гармо одамон ҳарчӣ бештар ба соҳили дарёҳо, ҳавзу кулҳои шиноварӣ мераванд, то соатҳои фориғ аз ташвишҳои рӯзгорро бо истироҳату фароғат пушти сар кунанд. Камтар аз як моҳ мондааст то он замоне, ки тафреҳгоҳҳои шиновариву истироҳатӣ ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Ин аст, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қабл аз оғоз ҳолати омодабошии онҳоро месанҷанд.

Ҳалокати ду писарбача аз боди шадид дар ноҳияи Вахш

Боди шадиди рӯзҳои охир дар баъзе минтақаҳои кишвар ба хоҷагиҳо зарар расонд. Дар ноҳияи Вахш ду ноболиғ, ки дар саҳро чорво мечарониданд, бар асари чаппа шудани новаҳое, ки паси онҳо паноҳ бурда буданд, ба ҳалокат расиданд. Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда аз падару модарон ва калонсолон бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад: КӮДАКОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД!
6 – уми майи соли 2018 боронҳои пай дар пай сабабгори

Рӯйдодҳои олам: Сӯхторҳои ҳалокатбор, ҳамлаи заррофа ба инсон, таркиши конҳо дар Покистон

Инҳо номгӯи ҳамагӣ чанд хабаранд, ки зарфи ин як шабонарӯзи охир дар олам гузашта. Дар вилояти  Ширнаки Туркия 12 хонандаи синфҳои болоии мактаб аз раъду барқ зарар диданд. Бино ба гузориши хабаргузории Daily Sabah чароғак ба дарахте бархӯрд, ки хонандагон ҳангоми сайругашт зери он аз борон паноҳ бурда буданд. Мошини ёрии таъҷилӣ ба ҷойи ҳодиса омад, аз талафоти ҷонӣ хабаре интишор

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи бахши ҳамгироии Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ЭКОСОС)

Аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷаласаи бахши ҳамгироии Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОС) баргузор гардид, ки дар кори он вазирон ва роњбарони маќомоти дахлдор, намояндагони парлумон ва шаҳрдорон, намояндагони Низоми СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи иҷтимоӣ ширкат варзиданд.
Ҷаласаи баландпоя ба мавзӯи “Ҷамъиятҳои инноватсионӣ: