Activities calendar

19 майи 2018

Дарсе аз оқибатҳои терроризм ва экстремизм

Дар доираи баланд бардоштани сатҳи омодагиҳои касбии ҳайати шахсӣ ва татбиқи минбаъдаи “Стратегияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризим ва экстремизм дар солҳои 2016-2020” дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо корманди Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Фархор: Сели азим ба заминҳои кишт зарар ва як нафарро ба ҳалокат расонд

Боронҳои шадид муҷиби омадани сели азим дар ноҳияи Фархор шуданд. Деҳаи Сурхоб дар ин ноҳия аз сел бештар зарар дид, як сокини 25-сола   ҷони худро аз даст дод. Гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвари муовини аввали Раиси Кумита дар минтақаи офатзада фаъолият дорад. Сарбозони қисми ҳарбии КҲФ барои бартарафсозии оқибатҳои