Activities calendar

12 июни 2018

Таҳлили шаш моҳи фаъолият дар вилояти Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  ҷаласаи Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба ҳолатҳои фавқулодда бо иштироки муовини якуми Раиси Комиссия  Раҳматзода Рустам Мирзо ва аъзои Комиссияи мазкур - раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.