Мулоқот дар лагерҳои саломатӣ ва суҳбатҳо дар мавзӯъи бехатарӣ
Чоп шуд: 10/07/2018 | admin![](https://www.khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/image011.jpg?itok=xE2hJUbj)
Дар айёми таътили тобистона кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бачаҳо чорабиниҳои иловагӣ мегузаронанд: ҳадаф боло бурдани сатҳи фарҳанги амнияту бехтарӣ дар ҳаёти ҳамарӯзии онҳост. Тобистон мавсимест, ки таваҷҷӯҳ ба бехатарии бачаҳо бояд афзояд, калонсолон бояд нагузоранд, ки онҳо танҳо ба ҷойҳои хатарзо раванд.