Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти нимсолаи худро ҷамъбаст кард
Чоп шуд: 16/07/2018 | admin![](https://www.khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/IMG_7218.jpg?itok=L4_hO78G)
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба таҳкими назорат дар махзанҳои об дар ин фасли оббозиву шиноварӣ таъкид кард. Вай аз ҷумла гуфт: “Ба мо зарур аст ҳама корро анҷом диҳем, то ки бехатарии одамон таъмин шавад, бахусус кӯдакон дар амну осоиш бошанд ва аз марги онҳо дар обҳо пешгирӣ бояд кард”.