Activities calendar

18 сентября 2018

Ифротгароӣ офати фарогиру харобиовар аст

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон дар конференсияҳои байналмилалӣ ва мулоқотҳояшон бо сокинони кишвар пайваста дар бораи тавсеаёбии терроризм ва ифротгаройӣ ёдовар шуда, онҳоро ҳамчун зуҳуроти зидди башарӣ маҳкум менамоянд. Аз ҷумла, Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки терроризм ва

Тамринҳои кӯҳпаймоӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон

Илоҷи воқеъа қабл аз вуқуъ. Аслан ҳамаи тамринҳое, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мекунанд, ба хотири одагиҳо ба ҳолатҳои эҳтимолии фаавқулодаанд. Ва Кумита ин гуна барномаҳо зиёд дорад ва ҳадаф ҳам он аст, ки наҷотдиҳандагон на танҳо донишҳои назариявӣ дошта бошанд, балки дар амал ҳам ҳолоти мухталифро тамрин кунанд ва худро аз қабл ба ҳар гуна ҳодисаҳо омода созанд.

Дар тӯфони харобиовари Флоренс 32 нафар ҷони худро аз даст доданд

Шумори ҳалокшудагон бар асари тӯфони Флоренс ба 32 нафар расид. Дар ин бора ахиран Associated Press истинодан ба манбаҳои расмӣ хабар дод. Дирӯз аз ҳалокати 23 нафар хабар дода мешуд.

Дар ин тӯфон беш аз дигарон сокинони иёлоти Каролинаи Шимолӣ зарар диданд. Мақомоти интизомӣ аз кушта шудани 24 нафар дар ин иёлот хабар доданд.