Шадидтарин борон дар Сидней, ки 30 соли охир собиқа надоштааст
Чоп шуд: 10/02/2020 | admin
Шаҳри Седней – калонтарин ва қадимитарин шаҳри Австралия ба борони шадиде рӯ ба рӯ шуд, ки зарфи 30 соли охир собиқа надошт. Маркази ҳавошиносии ин кишвар гуфтааст, ки мизони бориши борон дар ин минтақа дар чаҳор рӯз аз 29 сантиметр гузаштааст ва метавонад сабабгори селобҳои басо хатарнок шавад. Ин борандагии шадид бештар аз 100 ҳазор хонаро бе қувваи барқ мондааст.