Activities calendar

21 феврали 2020

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рафиқон генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, иродаи қавии мардуми кишвар, матонату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандории фарзандони бонангу номуси он ба ҳисоб меравад, ҳар сол дар саросари мамлакат бо ифтихору

Фарҳанги САЛОМ

Дар ойинҳои мардумӣ салом ҳам гуногун аст. Саломи дастӣ, салом бо ишорат, салом бо ҳаракати сар ва амсоли ин. Маъмулан, мувофиқи расму ойини тоҷикӣ саломдиҳанда, агар хурдсол бошад, дасти росташро ба сари сина гирифта, ба шахси аз худ калонсол салом медиҳад. Дар айни замон алайкгиранда низ ҳамин амалро такрор мекунад. Аз ин рў, дар байни мардум мегўянд, ки “салом қарзи Худост”

Гузашта ва имрӯз: Борбад асосгузори санъати «Шашмақом»

«Шашмақом» дурдонаи беназирест, ки аз каъри асрҳои куҳан то ба рўзгори мо расидааст. Он дар худ дастовардҳои беҳтарин хиради шеъру мусиқии халқро таҷассум намудааст ва ҷоиз аст, ки онро қомуси халқ номем. Ҷиҳати муайянкунандаи инкишофи мусиқии тоҷик дар он ба назар мерасад, ки вай ба анъанаҳои бузурги халқӣ, ки то замони мо ба шарофати асари оламшумули мусиқии халқӣ – Шашмақом омада

Ҳалокати Раиси суди ноҳияи Истаравшан бар асари як садамаи автомобилӣ

Раиси суди ноҳияи Истаравшан Ваҳҳобзода Содиқҷон Абдулҳай бар асари як садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳалокат расидааст. Мошине, ки раиси суд дар он савор буд, бо Дулани канори роҳ бархӯрдааст ва дар натиҷа ду мусофири он ҳалок шудаву ду тани дигар дар бемористони Истаравшан бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудаанд. Аҳволи ин ду нафарро низ вазнин арзёбӣ мекунанд.