Activities calendar

04 феврали 2024

КҲФ: То 5 феврали соли равон хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии  кишвар рӯзҳои 3-4-уми феврали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Дар аксари ноҳияҳо барфу борон меборад, рӯзона 3-уми феврал ва шабона 4-уми феврал дар баъзе ноҳияҳо бориш шиддат мегирад.

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар вилояти Суғд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани малакаву маҳорати аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда дар як қатор шаҳрҳо ва навоҳии ин вилоят, аз ҷумла дар Панҷекент, Конибодом, Гулистон, Айнӣ, Шаҳристон, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Деваштиҷ миёни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ баргузор карданд.