Activities calendar

27 феврали 2024

Мулоқот бо ҳайати Қазоқистон дар КҲФ

27 феврали соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-полковники милисия Рустам Назарзода  бо ҳайати намояндагони  ТОО "Еврокоптер Казахстан инжиниринг" – и Ҷумҳурии Қазоқистон бо сарварии тиректори тиҷоратии он ҷаноби А.А. Аринов  баргузор шуд.

Дидор бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон

27 феврали соли 2024 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода Сафири навтаъини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфт.

Дармулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, инчунин имкони оғози лоиҳаҳои муштарак, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисонро баррасӣ намуданд.

Мулоқот бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ

27 феврали соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ вохӯрии раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии хонум Ҳенрике Брехт, мутахассиси аршад оид ба идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ дар Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ...