Activities calendar

28 июни 2025

КҲФ: Барқарорсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Минтақаи Рашт

Бо иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати барқарорсозии хисороти расида аз офатҳои табиӣ дар минтақаи Рашт, фаъолияти комиссияи вижа идома дорад.

Таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ҳайати шахсии Кумита корҳои зиёдеро баҳри бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ анҷом додаанд.

ноҳияи Тоҷикобод

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ

27.06.2025, ш.Хоруғ

Ҳамватанони гиромӣ!

Бо эҳсоси ифтихор ва арҷгузории амиқ ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар Тоҷикистони маҳбубамон кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.

Ин санаи муҳим, ки мо ба он маҳз ба шарофати ақлу хирад ва иродаи қавии мардуми сарбаланди мамлакат расидем,