Activities calendar

30 июни 2025

КҲФ: Наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади шаҳрванди Федератсияи Русияро аз минтақаи кӯҳии Тоҷикистон бароварданд

Наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Варзоб ҷасади шаҳрванди Федератсияи Русияро аз минтақаи душворгузари кӯҳӣ дарёфт намуда, ба наздикону пайвандон ва мақомотҳои дахлдор супориданд.

Ёдовар мешавем, ки ин шаҳрванди хориҷӣ бо мақсади саёҳат дар ин минтақаи кӯҳии кишвар сафар намуда, баъд аз корношоям гардидани таҷҳизоти пастпарвозкунандааш ба минтақаи душворгузар афтида,

Шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Восеъ чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои ғарқшавии шаҳрвандон амалӣ мекунад.

Мувофиқи маълумоти сардори Шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ, полковник Субҳон Усмониён, ҳанӯз қабл аз оғози мавсими шиноварии шаҳрвандон ба тамоми масъулини ноҳия, аз ҷумла ҷамоатҳо ва шаҳракҳо, барқияҳои огоҳӣ ва гузаронидани корҳои пешгирӣ равона карда мешаванд. Илова бар ин, дар ҷамоатҳо, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

КҲФ: Давраи дуюми омӯзиши курси «Омӯзиши сатҳи баланди ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ дар табиат» анҷом ёфт

Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи дуюми омӯзиши курси «Омӯзиши сатҳи баланди ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ дар табиат» анҷом ёфт.

Дар маросими анҷом ёфтани ин давра раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар ва ҳамоҳангсози ТИКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Этҳем иштирок ва суханронӣ намуданд.